Кошинкорӣ навъи ҳикоягии санъати тасвирӣ аст. Ҳар як кошинкорӣ ҳиссае аз таърихро дар худ дорад – таърихи одамон, таърихи рассом, ва маҳалле ки вай дар он ҷойгир шудааст. Шавқовар… аз як тараф ин композитсия аз сангҳо ва порчаҳои шишарезаи ранга аст, аммо ба ҳар ҳол таърихро дар ёд дорад ва онро нигоҳ медорад!
Фабрикаи дӯзандагии «Гулдаст»-и давраи шӯравӣ дар қисми шимолии шаҳри Душанбе дар кӯчаи аввалин кайҳоннавард Николай Юриевич Гагарин ҷойгир шудааст. Фабрика аз замони бунёд ёфтан маҳсулоти дӯзандагӣ истеҳсол менамуд. Калимаи «Гулдаст» аз ду қисм иборат аст – «гул» ва «даст», яъне дастони моҳир, зебо, навозишкор, офаринданда. Кӣ чунин дастон дошта метавонад? Албатта намояндагони ҷинси латиф – занҳо. Дар фарҳанги тоҷикон зан давомдиҳандаи насл, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, атокунандаи муҳаббат ва ғамхорӣ аст. Маҳз занон аксарияати кормандони ин муассисаро ташкил мекарданд.
Чунон ки собиқ корманди фабрика мегӯяд, «ин муассисаи Душанбе дар Иттиҳоди Шӯравӣ эътибори зиёд дошт, зеро аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсолот яке аз аввалинҳо буд. Дар солҳои 70-ум қарор доданд, ки таъмири асосии биноро ба ҷо оваранд. Намедонам, ки идеяи кошинкорӣ аз куҷо пайдо шуд, оё худи роҳбарият ташаббускори ин буд, агарчи ба ин шубҳа дорам, зеро роҳбарияти фабрика ба санъат бепарво буд, ё ин ташаббус аз ягон ҷои дигар буд … Аммо дар соли 1974 ман шунидам, ки маслиҳат шудааст бо пули зиёд қисми берунии бино бо кошинкорӣ ороиш дода шавад. Ман фикр кардам, ки ин чӣ бошад? Кошинкорӣ… шавқовар… шояд ягон чизи сеҳрнок аз афсонаҳо бошад (механдад). Ва баъд, ҳангоме ки тадриҷан коргарон ба кор сар карданд ва аллакай тасвирҳо – персонажҳои духтарон бо либосҳои анъанавӣ ва чизҳои дигар пайдо шуданд, ман фаҳмидам, ки ин ҳақиқатан зебо аст».
«Зебо» – кӯтоҳ ва фаҳмо. Ба қавли Вафо Назаров, яке аз рассомон, ки дар ин корҳои кошинкорӣ дар солҳои 1974-1975 иштирок дошт, Абдураҳмон Раҳимов, муаллифи асосии кошинкорӣ дар бино, аз роҳбари фабрика пурсидааст: «Чӣ гуна будани кошинкориро мехоҳед?». Ва ӯ ҷавоб додааст: «Мехоҳам зебо бошад».
Фабрика дар сари роҳ дар кӯчаи Гагарин ҷойгир шудааст. Ҳангоме ки аз ин кӯча мегузаред, кори олидараҷаи устодони санъат дарҳол ба назар мерасад. Тарафи берунии бинои 2-ошёна, ки бурҷҳо дорад, ба дарозии 50 метр бо кошинкорӣ ороиш ёфтааст. Мавод – шишарезаҳои ранга, ки барои суробҳо истифода мешуданд ва плиткаҳои диаметрашон 4,5х4,5 аз Украина ва Москва оварда шуда буданд. Шишарезаҳои ранга асосан барои суробҳо истифода шуданд, қисми боқимондаи кошинкорӣ аз плиткаҳо чида шуд. Ғайр аз ин, реги шусташуда ва сементи навъи аъло истифода шуд.
Кошинкорӣ бо усули чидани бевосита иҷро карда шуд. Дар он бо услуби дилпазир типажҳои дӯстдоштаи муаллиф тасвир ёфтаанд. Ба қавли Додхудоева Лариса, доктори илмҳои таърих ва санъатшиноси машҳур: «Раҳимов Абдураҳмон [солҳои 1933 – 1998], муаллифи ангораҳо, худаш рассоми моҳир буд. Ӯ зодаи Ӯротеппа, шаҳр дар шимоли Тоҷикистон буд, ва рангҳои равшан, ҳама чизи миллиро дӯст медошт, тасвир намудани занони тоҷики мо ба ӯ маъқул буд. Ӯ бо маҳорати хоса сюжетҳоро дар ҳаракат тасвир карда метавонист».
Бурҷи якуми кунҷакии муассиса бо персонажҳо дар ҳаракати новобаста ба якдигар ороиш ёфтааст. Дар поёни композитсия чор мард бо либоси миллии тоҷикӣ тасвир ёфтаанд – онҳо ҷома дар тан доранд ва миёнашон баста аст, пойафзоли хос ва тоқӣ пӯшидаанд. Персонажҳо дар ҳолати идона низ ҳастанд, ки ҳар яке асбоби мусиқии миллиро менавозад (дойра ва карнай). Персонажҳо бо чашмони кушодаи калон ба пеш менигаранд ва чунин таассуроте ҳосил мекунанд, ки гӯё касеро ба ид даъват менамоянд.
Дар миёнаҷои бурҷ ду персонаж тасвир ёфтаанд: марде ки ба як зону нишаста дойра менавозад ва духтари зебои мӯйдарозе ки рақси мавзунеро сар мекунад. Агарчи ҳар ду персонаж либосҳои анъанавӣ дар бар доранд, дар пойҳои духтар пойафзоли пошнабаландро дидан мумкин аст. Ин эффекти таъсири фарҳанги шӯравӣ аст.
Дар қисми поёнии бурҷи дуюм давоми қиссаи мардони ба ид даъваткунандаро дидан мумкин аст. Ин ҷо панҷ духтар ҳастанд. Ҳамаи онҳо либосҳои анъанавӣ доранд, ҳамаи онҳо ҷавон ва зебо мебошанд. Ҳама мӯйҳои дароз доранд, яке аз онҳо мӯйҳояшро гирди сар печонидааст, ва дигарӣ кӯзаи обро бар сар бардоштааст. Персонажҳо гӯё амалҳои мардон-шавҳаршавандаҳои имконпазирро муҳокима мекунанд.
Дар миёнаҷои ин бурҷ боз ду духтар тасвир ёфтаанд. Лаҳзаи ёрии байниҳамдигарӣ хеле зебо тасвир ёфтааст. Аввалӣ хаста шуда, нишастааст, ва дуюмӣ рост истода, ба ӯ анор – «меваи шоҳона»-ро дароз мекунад, ва якумӣ онро мегирад. Ба қавли собиқ корманди фабрика, «маҳз қиссаи ҳамин қисми кошинкориро ман бисёр вақт дар ҳаёти фабрикаамон бисёр вомехӯрдам. Гоҳо аз кор хаста шуда, бо дугонаҳо ҳазл карда мегуфтем … “Чаро хастаҳол метобӣ? Анор биёрам?” Ва механдидем, ва ханда ба мо қувваи нав мебахшид».
Дар қисми болоии бурҷи сеюм духтаре тасвир ёфтааст, ки «сӯзанӣ»-ро гулдӯзӣ мекунад. Ин ороиши деворӣ, ки дастӣ гулдӯзӣ карда мешавад, асосан дар кишварҳои Осиёи Миёна тайёр карда мешавад. Сӯзанӣ маънои «бо сӯзан дӯхташуда»-ро дорад.
Дар бурҷи сеюм мо боз ҳунари рассомонро дида метавонем. Дар қисми болоии бурҷ ду духтари гулдӯзикунанда тасвир ёфтаанд. Сюжетҳо гӯё кори худро реклама мекунанд.
Дар қисми поёнӣ чор духтар мебошанд. Ҳама бо либоси анъанавӣ, зебо, дар ҳолати идона. Дар ин қисми кошинкорӣ дар баъзе ҷойҳо ба ҷои сангҳо …табақчаҳои чун ороиш чидашуда ба назар мерасанд. «Мо, ки ҷавон будем, гоҳо ин тавр шӯхиҳо мекардем» табассумкунон мегӯяд рассом Вафо Назаров.
Қисмҳои боқимондаи кошинкорӣ дастрас нестанд, баъзе қисмҳо вайрон шудаанд, баъзеи дигарро хонаҳои навсохта аз назар пинҳон кардаанд. Қисми боқимондаи биноро нақшу нигори аз плитка чидашуда ороиш медиҳанд.
Тахмин кардан мумкин аст, ки кошинкорӣ дар фабрикаи «Гулдаст» барои роҳгузарон, боздидкунандагон ва касоне ки ба кор медаромаданд, ҳамчун шиноскунанда бо фаъолияти фабрика хизмат мекард. Аз тарафи дигар, кошинкорӣ ҳамчунин нақши фаъолонаи занро дар ҷамъият тавсиф медод. Идеологияи шӯравӣ пешрафти занонро дар назар дошт.
Чунон ки ҳамсӯҳбатамон Мирзо, собиқ посбони фабрика, мегӯяд, «агар роҳгузари аз назди фабрика мегузашта аз худ мепурсид, ки “ин ҷо чӣ кор мекунанд?”, кифоя буд ба кошинкорӣ нигоҳ кунад, ва савол ҷавоби худро меёфт. Чунки дар кошинкорӣ таърихи фабрика, фаъолияти он тасвир ёфтааст. Ин як навъ маълумотнома аст. Кошинкорӣ гӯё мегӯяд, ки дар ин ҷо духтарони ҳунарманд, зебо, аъзоёни комсомол кор мекунанд. Агар арӯс меҷуста бошӣ, бегоҳӣ дар назди даромадгоҳ интизор шав… Албатта, касоне низ буданд, ки ҳеҷ чизро нафаҳмида, мепурсиданд: “Оё ин ҷо театр аст?”».
Посбони муассиса суханашро давом медиҳад: «Якчанд сол пеш, аз ин роҳ пирамарде мегузашт, ки ба Ленин хеле монанд буд, ҳамон гуна риш дошт, пинҷакашро ҳамон гуна дошта меистод. Ӯ ҳар бегоҳ истода, кошинкориро бо ваҷоҳати норозиёна аз назар мегузаронд ва зери лаб чизе мегуфт. Рӯзе ман назди ӯ рафта пурсидам: “Чӣ шудааст, аз чӣ норозӣ ҳастед?” Ӯ ҷавоб дод: “Ҳама чизро вайрон кардаанд!” Ва маънои суханонашро нафаҳмонда, рафт. Эҳтимол, пирамард на дар бораи кошинкорӣ, балки дар бораи ҳолати ҳозираи фабрика фикр мекард».
Сокинони ин маҳал дар бораи кошинкориҳо дар фабрика суханони нек мегӯянд. Ва ҳар яке дар робита бо ин кошинкорӣ қиссаи худро дорад. Баъзеҳо нақл кардан намехоҳанд, баъзеи дигар аз суханони худ шарм медоранд, дигарон ба ёд овардан намехоҳанд. Ва аксарият чунин баҳо медиҳанд: «Зебо»!
Абдуқодир Сафаров
Гулдаст
кӯчаи Гагарин 19
Раҳимов А., Серебрянский Б.И., Абдураҳмонов И.А.
1974-1975