Дар деворҳои мактаби миёнаи №81 гӯё се нафар қаҳрамонон аз афсона зинда шудаанд. Духтари ҷасур, далерон бо мурғи оташ деворҳои хокистарраги мактабро ороиш медиҳанд. Биное ки ҳозир дар он ҳар се кошинкорӣ ҷойгир шудаанд, дар соли 1974 сохта шуда буд. Дар аввал бино барои бочаи кӯдакони №116 муқаррар шуда буд, ва фақат дар соли 2005 дар он мактаб ҷойгир шуд. Яке аз собиқ тарбиятгирандагони боғчаи кӯдакон ба ёд меоварад: «Ҳангоме ки ман ба боғча мерафтам, тамошои кошинкорӣ ва бо дастон онро ламс карда, суфтагии сатҳи онро ҳис кардан ҳамеша бароям дилписанд буд». Ҳозир мактаб ҳудуди калон дорад ва дар он 915 нафар талабагон таҳсил мекунанд.
Дар солҳои 70-ум рассомии монументалӣ дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ нашъунамо мекард, ва биноҳо бисёр вақт бо кошинкории пурнақшу нигор ороиш меёфтанд. Аз як тараф, ин ба биноҳои хокистарранги дилгиркунандаи монолитӣ як навъ рӯҳияи идона медод, аз тарафи дигар – дар одамон идеалҳои онвақтаро, аз қабили меҳнатдӯстӣ, дӯст доштани ватан ва рӯҳияи инқилобӣ тарбия менамуд. Мутаассифона, муаллифи ин кошинкорӣ маълум нест. Аммо чунон ки ба мо як рассоми дигари тоҷик фаҳмонд, эҳтимол, кошинкорӣ ба Леон Гурҷиев тааллуқ дорад, ки рассоми монументалисти Тоҷикистон буда, аслу насаби арманӣ дошт. «Дар он мавзӯъҳои қафқозиро мушоҳида кардан мумкин аст. Муаллифи кошинкорӣ кӯшиш кардааст қаҳрамонони фолклори тоҷикро тасвир намояд, аммо на он қадар ба ин муваффақ шудааст», – гуфт ӯ.
Персонажҳо аз кошинкорӣ дар се бинои алоҳида ҷойгир шудаанд. Дар яке аз онҳо духтари ҷасур бо камоне дар шакли паранда тасвир ёфтааст. Дар ду кошинкории дигар, далерон дар иҳотаи cимурғ – парандаи хушбахтӣ (мурғи оташ дар фолклори рус) ва дигар ҳайвонот мебошанд. Кошинкории якум моро бо тимсоли духтари ҷасур шинос мекунад. Ӯ камонро, ки ба таври рамзӣ дар шакли уқоби кӯҳӣ ва мӯи сиёҳи худи дихтар тасвир ёфтааст, кашида, дилпурона ба як тараф нигариста, тирро рост ба ҳадаф заданӣ аст. Ғайр аз уқоб дар назди духтар оҳу аст – дӯсти вафодораш, ки ба ӯ нигариста, гӯё интизори дастурҳои ӯст. «Ин зани қаҳрамони тоҷик аст. Ин Малика Томирис (фармонравои сакоиҳо, ки подшоҳи форс Курушро мағлуб карда буд) ё Гурдофариди афсонавӣ (зани ҷанговар аз Шоҳнома), камонандози шӯравии тоҷик Зебуннисо Рустамова (чемпиони ҷаҳон оид ба камонандозӣ) ё Мавзуна Чориева аз замони ҳозира аст (варзишгари муштзан, дорандаи ҷоизаи бозиҳои олимпӣ). Занҳои қавии тоҷик маҳз ҳамин гуна мебошанд», – гуфт яке аз толибаҳои мактаб.
Ҳамаи қаҳрамонон бо ранги равшани норанҷӣ ороиш ёфтаанд, ки онро офтоб бо ҳам муттаҳид мекунад. Дар заминаи нақшу нигорҳои хокистарранг ва кабуд, онҳо баръало ба назари бинанда мерасанд. Тамоми композитсия бо нақшу нигорҳои растанигии миллӣ ва шаклҳои геометрӣ пурра карда шудааст. Метавон тахмин намуд, ки муаллиф тимсоли қаҳрамонзани худро аз Шоҳнома (достон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти подшоҳони Эрон, ки Фирдавсӣ дар асри 11 навиштааст, эпоси миллии халқҳои форсизабон) гирифта, Гурдофариди ҷанговарро тасвир намудааст. Гурдофарид яке аз тимсолҳои барҷастаи зан дар Шоҳнома аст. Ӯ далер, нотарс, ҷанговари моҳир, ҳимоятгари ватан аст – тимсоли ӯ аз тимсоли марди ҷанговар ҳеҷ камӣ надорад. Гурдофарид дар баробари мардон меҷангид, дар шамшерзанӣ ва камонандозӣ моҳир буд.
Тимсоли зан-ҷанговарро пешкаш намуда, муаллиф ба ӯ хусусиятҳои миллиро додааст. Ӯ дар тан куртаи тоҷикӣ дорад, ба сараш тоқии анъанавӣ гузоштааст. Агар диққат диҳем, мебинем, ки дар ҳар яке аз чор кунҷ ороиш дар шакли шамшер дида мешавад. Эҳтимол, муаллиф хостааст шамшерро, ки қаҳрамони ӯ дар Шоҳнома бо он айният дода мешавад, ба таври рамзӣ гузорад. Қаҳрамонии занон, ки дар Шоҳнома дида мешавад, ҳамчунин дар кинематографияи тоҷик инъикоси худро ёфтааст – барои таъсир ба тафаккури ҷамъиятӣ ва ташаккул додани тимсоли занони қаҳрамон. Масалан, филми «Рустам ва Сӯҳроб», ки дар соли 1972 дар Тоҷикфилм ба навор гирифта шудааст, дар бораи қувваозмоии падару писар нақл мекунад, аммо ҳамчунин ба тамошобини шӯравӣ тимсоли Гурдофаридро пешкаш менамояд
Нисо Ҳоҷиева
"Духтар бо тиру камон"
Мактаби 81, кӯчаи Шамсӣ 73/5
1974