Дар кошинкории дуюм ҷаҳон аз назари духтарак тасвир ёфтааст. Агар ба лавҳаи кошинкорӣ нигарем, дида метавонем, ки баъзе қисмҳои он нестанд. Чунин ба назар мерасад, ки бо мурури замон он қисмҳои кошинкорӣ пора-пора шуда афтодаанд. Аммо ба қавли муаллиф, ин кошинкории нотамом аст, ки ӯ онро ба охир нарасондааст, зеро комбинати нассоҷӣ музди кори ӯро на ба андозаи пурра пардохт намуда буд. Қаҳрамони асосӣ дар ин ҷо духтараки сурхпӯш аст, ки дилпурона дар роҳ қадам мезанад. Ӯ дастонашро ба боло бардошта, хурсандона ба пешвози ягон чизи нав меравад. Мутаассифона, чеҳраи ӯро дидан ғайриимкон аст, зеро маҳз ҳамин қисми он нотамом мондааст. Ғайр аз қаҳрамони асосӣ, дигар қаҳрамононро низ дидан мумкин аст, масалан, духтараконе ки дар айвончаи дари даромади хона нишастаанд. Яке аз онҳо китоб мехонад, дуюмӣ гурбаеро болои зонуҳояш шинондааст. Дар канори дигари кошинкорӣ манора ё хонаҳоро бо гунбазҳои шарқӣ ва писаракеро дидан мумкин аст, ки ба зону истода, дастонашро сӯи парандае дароз кардааст. Дар назди писарак саге дароз кашидааст. Ин кошинкорӣ, чун кошинкории якум, бо рангҳои зард ва осмониранг иҷро шудааст. Роҳеро, ки қаҳрамон дар он қадам мезанад, ҳамчунин рангинкамон мунаввар менамояд, ва аз боло офтоб ба ӯ хурсандона табассум мекунад. Чун дар кошинкории якум, дар осмон ҳубобҳои собун ва парандагонро дидан мумкин аст, ки бо мавҷи баробар ба куҷое парвоз мекунанд. Заминаи кошинкорӣ ҳамчунин аз давраҳои болои ҳам гзошташуда иборат аст. Тамоми композитсия, ва маҳз, рамзҳо ва тобишҳои интихобшудаи ранг дар бинанда эҳсосоти хушро ба вуҷуд меоварад. Ба кошинкорӣ нигариста, ҷаҳони муқаррарии кӯдакон – ҷаҳони хушбахтона ва холӣ аз ташвишҳоро тасаввур мекунед.
Ҳар кас кошинкориро ҳар хел қабул мекунад: баъзеҳо онро ба мавзӯи кӯдакӣ айният медиҳанд, дигарон дар он идеалҳои шӯравӣ ва ҷузъҳои функсионалии онро мебинанд. Аксари пурсидашудагон дар ин кошинкориҳо мавзӯи кӯдакӣ ва ҷаҳони кӯдаконро мебинанд. Худи муаллиф нақл намуд, ки ӯ кӯшиш кардааст кӯдакии хушбахтонаро тасвир намояд. Дигар рассоми монументалист низ, ки мо кошинкориро ба ӯ нишон додем, ақидаи ӯро тасдиқ намуд. Ӯ гуфт: «Ба кошинкорӣ нигариста, гумон мекунед, ки ин расмест, ки кӯдаке кашидааст. Ва гӯё маҳз кӯдакон ҷаҳони худро тасвир кардаанд». Корманди худи боғча, муддати зиёд ба кошинкорӣ нигариста, дар он орзуи кӯдаконаро дид. «Ту кӣ шудан мехоҳӣ? – Кайҳоннавард. Орзуи бисёр бачаҳои он замон ҳамин буд», – гуфт ӯ. Директори боғча бошад гуфт, ки кошинкорӣ як чизи зебоест, ки барои офаридани он меҳнати зиёд сарф шудааст, ва кӯдакон бисёр вақт истода, онро мушоҳида мекунанд. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки ҳар як кошинкорӣ сабаб ё маънои худро дорад. Дигар рассоми монументалист бо ин фикр розӣ шуда, дар онҳо ҷузъҳои функсионалиро дид. Ӯ гуфт: «Дар композитсия гузаштаро дар шакли манора бо писарак, ва низ оянда ва тараққиётро дар шакли кайҳоннавард дар кайҳон дидан мумкин аст». Ҳамин тариқ ин тасвир дар бораи тараққиёт аз гузашта ба оянда мегӯяд, ва дастовардҳои Иттиҳоди Шӯравиро тарғиб мекунад», – илова намуд ӯ.
Ҳақиқатан, дар назари аввал ин кошинкориҳо шояд чун асарҳои дорои анъанаҳои реализми социалистӣ метобанд, ки воқеиятро аз будаш зиёд нишон дода, бояд дар биннанда некбиниро ба вуҷуд меоварданд. Аммо тасвири муаллиф ҳамчунин дар бораи тасаввуротҳои он замон оид ба ҷаҳони иҷтимоӣ, писарак (мард) ва духтарак (зан), нақши онҳо, муносибатҳо ва соҳаи фаъолияти онҳо бисёр чизҳоро нақл намуда метавонад. Аз як тараф, муаллиф кӯшиш кардааст нақшҳои баробари писарак ва духтарак ва имкониятҳои баробари онҳоро дар робита бо ояндаи хушбахтона тасвир намояд. Инро аз он пай бурдан мумкин аст, ки чӣ тавр рассом қаҳрамонҳои асосиро бо параметрҳои комилан баробар тасвир кардааст: ҳар ду қаҳрамон андозаҳои баробар доранд, дар ҳолат ва вазъияти якхела тасвир ёфтаанд. Писарак ва духтарак дар ҳар ду кошинкорӣ, аз зери рангинкамон баромада, ба пешвози тараққиёт дар роҳ қадам мезананд. Гуфтан мумкин аст, ки ин тасвири баробари писарак ва дудтарак яке аз арзишҳои давраи шӯравӣ буд, зеро давлат барои мардону занон имкониятҳои якхеларо фароҳам оварда, маълумотнокшавии духтаронро, хусусан духтарони деҳотро тарғиб менамуд, ба меҳнат дастрасии баробарро пешкаш менамуд.
Дар айни замон, агар ба қаҳрамонҳои дигари асар бо диққат нигарем, баъзе унсурҳоро дида метавонем, ки асосан ба ҷамъияти тоҷикон хос аст. Масалан, писаракон дар шахси кайҳоннавард, бо ҳавопаймоҳои коғазӣ бозикунанда ё найнавозон фаъолтар тасвир ёфтаанд, дар ҳоле ки духтарон бе ҳаракат, ором ва осуда тасвир ёфтаанд. Яке аз духтаракон китоб мехонад, дигарӣ аз тирезаи хона менигарад. Чунин тасвир дар хусуси меъёрҳои мардонагӣ ва латофати занона дар ҷамъияти тоҷикон шаҳодат дода метавонад, ки дар он писарон бо ғайратмандӣ, қувват ва амал айният дода мешаванд, аммо духтарон – бо итоаткорӣ ва фурӯтанӣ. Ҳамчунин он чиз ҷолиби диққат буда метавонад, ки муаллиф писаронро дар кӯча, ва духтаронро дар хона тасвир кардааст. Ин ҷиҳати тасвир дар хусуси тақсимоти соҳаҳои анъанавии фаъолият дар ҷамъияти тоҷикон шаҳодат дода метавонад, ки дар он соҳаи умумӣ – ҳудуди фаъолияти мард, ва хусусӣ – ҳудуди фаъолияти зан аст.
Дар асоси гуфтаҳои боло чунин ба назар мерасад, ки дар ин кошинкориҳо муаллиф кӯшиш кардааст дар заминаи ҷамъияти тоҷикон, ки дар он ҳанӯз ҳам арзишҳои анъанавӣ боқӣ мондаанд, баъзе арзишҳои муҳими давраи шӯравиро инъикос намояд, аз қабили тараққиёт ва индустриаликунонӣ (ҳавопаймо ва кайҳоннавард), маълумотнокии духтаракон (духтараке ки китоб дар даст дорад), нақши фаъолона ва баробари духтарак ва писарак (тасвири баробари қарамонҳои асосӣ), ояндаи дурахшони ҷамъияти шӯравӣ (рангинкамон, ҳавои соф ва ба пеш ҳаракат кардани қаҳрамонои асосӣ). Меъёрҳое ки дар он ба зан аксаран соҳаи хусусӣ муқаррар карда шудааст, ва ба мард – соҳаи умумӣ, ва дар он мардонагӣ бо ҷуръатнокӣ муайян карда мешавад, ва латофати занона – бо итоаткорӣ. Аз ҳамин сабаб, метавон тахмин намуд, ки ин кошинкориҳо синтези идеалҳои шӯравӣ ва тоҷикӣ мебошанд. Сабаби чунин синтез дар он буда метавонад, ки идеологҳои он давра кӯшиш мекарданд арзишҳои нави инкишофи социалистиро дар заминаи ҷамъияти тоҷикон тасвир намоянд, то ки касоне ки ин тасвирҳо барояшон муқаррар шудаанд, ғояҳои асосии онҳоро қабул карда тавонанд. Агар ба ин кошинкориҳо аз нуқтаи назари замони ҳозира нигарем, чунин метобад, ки бо вуҷуди тамоми кӯшишҳои давраи шӯравӣ, баъзе анъанаҳои тоҷикон замони шӯравиро паси сар карда то имрӯз боқӣ мондаанд.
Нисо Ҳоҷиева
Ҷаҳон аз назари духтарак
Мактаби 81, кӯчаи Шамсӣ 73/5
Аловиддинов Салоҳиддин
1985