«Ҷаҳон аз назари кӯдакон» – ҳангоми мушоҳидаи кошинкорӣ дар боғчаи кӯдакони №111 маҳз ҳамин фикр ба сари кас меояд. Ҳавопаймоҳо ва киштичаҳои коғазӣ, ҳубобҳои собун, гурба ё сагчаи дӯстдошта – ҳамаи он чи ба кӯдак дар ҷаҳони кӯдаконаи ӯ даркор аст. «Кӯдакон бисёр вақт омада онро мушоҳида мекунанд. Мо бисёр вақт ин кошинкориро истифода мебарем. Масалан, ба қарибӣ дар озмуни рӯи роҳи мумфарш кӯдакон расмҳои худро аз рӯи он кашиданд», – гуфт директори муассисаи кӯдакона. Боғчаи кӯдакон дар соли 1985 сохта шудааст ва ба комбинати нассоҷии Душанбе тааллуқ дорад, маҳз кӯдакони кормандони он ба ин муассисаи кӯдакона меомаданд. Боғча ҳудуди калонеро ишғол мекунад, ки дар он биноҳои алоҳида бо пайраҳаҳои борик ба ҳам пайвастаанд. Ҳозир дар боғча ҳанӯз бисёр чизҳои ба боғчаҳои кӯдакони он замон хос боқӣ мондаанд: хоначаҳои чӯбин, роҳ бо шинаҳои кӯҳна, ва албатта – кошинкорӣ. Кошинкориҳо дар ду бинои алоҳида мебошанд, аз назди ҳар кадоми онҳо пайраҳа мегузарад, ки ба бинанда манзараи панорамавии онҳоро ҷилвагар мекунад. Муаллифи кошинкорӣ Аловиддинов Салоҳоддин – рассоми монументалист аст, ки соли 1955 дар ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон зода шудааст. Ҳамчунин ӯ муаллифи кошинкорӣ дар худи комбинати нассоҷӣ аст.
Ҳангоми вохӯрӣ дар устохонаи ӯ дар шаҳраки Ҳисор, аз Душанбе ба ғарб, муаллиф ба ёд овард, ки пас аз анҷом додани кошинкорӣ дар комбинати нассоҷӣ дар соли 1983, ӯро даъват намуданд, ки дар биноҳои боғча низ кошинкорӣ кунад. Аловиддинов аниқ кард, ки кошинкории якумро, ки дар он қаҳрамони асосӣ писарак аст, ӯ аз соли 1982 то 1983 иҷро кардааст. Кошинкории дуюмро, ки дар он қаҳрамони асосӣ духтарча аст, ӯ аз соли 1984 то 1985 иҷро кардааст. Ҳангоми сӯҳбат рассом нақл намуд, ки асоси сюжет мавзӯи «Кӯдакии хушбахтона» буд. «Он бояд сабук, бо ҳубобҳои собун ва рангинкамон бошад», – илова намуд ӯ. Ҳақиқатан, мавзӯи кӯдакӣ ва кӯдакон ба муаллиф наздик аст. Ҳангоме ки ба устохонаи ӯ медароем, дарҳол портретҳои зиёди кӯдакон – набераҳои ӯ ба назар мерасанд. Ҳозир муаллиф рассоми маъруф аст, ки асарҳои ӯро на танҳо дар осорхонаи шаҳри Душанбе, балки ҳамчунин дар объектҳои калони ҷумҳурӣ дидан мумкин аст.
Сюжети ду кошинкорӣ дар биноҳои боғча аз ҷиҳати идея ва истифодаи рангҳо хеле монанд аст. Дар композитсия рангҳои зард ва осмониранг афзалият доранд. Интихоби чунин тобишҳои рангҳо, аз як тараф бо рангҳои типии ҷаҳони кӯдакон робита дорад, аммо аз тарафи дигар, дар анъанаҳои реализми социалистӣ (равияи идеологӣ дар санъат дар Итттиҳоди Шӯравӣ) офарида шуда, бояд дар бинанда некбиниро ба вуҷуд оварда, ба ояндаи дурахшон умедвор менамуд. Дар кошинкориҳо муаллиф сюжетҳоро бо тобишҳои гуногуни ранг ба порчаҳои алоҳида ҷудо кардааст. Агар ба ҷузъиёт диққат диҳем, бисёр давраҳоро дидан мумкин аст, ки муаллиф дар онҳо дарахт, гули шукуфта ё ҳатто баъзе қаҳрамонҳои худро ҷойгир кардааст. Заминаи кошинкорӣ ҳамчунин пур аз давраҳои болои ҳам гузошташуда аст.
Кошинкорие ки дар аввал тайёр карда шуд, дар хусуси ҷаҳони кӯдаконаи писарак ҳикоят мекунад. Дар ин ҷо албатта, киштичаҳо ва ҳавопаймоҳои коғазӣ, ҳубобҳои собун ва кураҳои ҳавоӣ ҳастанд – ҳамаи он чи ба кӯдакони шӯравӣ ин қадар шинос буд. Қаҳрамони асосӣ дар композитсия ҷавонест, ки дастонашро ба осмон бардошта дилпурона дар роҳ қадам мезанад. Роҳи ӯро рангинкамон мунаввар мегардонад, ки чун мавҷи ҳарранга бар болои ӯ тӯл кашидааст. Дар сюжет дигар қаҳрамонон низ ҳастанд: кайҳоннаварди ҷавон, ки дар осмон парвоз дорад, писараке ки ҳавопаймои коғазӣ сар медиҳад, ва ду наврас, ки бо шавқ най менавозанд. Чунон ки худи муаллиф мегӯяд «санъати монументалӣ бисёр вақт рамзҳоро истифода мебарад, то ки маъноро ба бинанда расонад». Ҳақиқатан ин кошинкорӣ рамзҳои зиёд дорад: кабӯтарон, дарахтон, роҳ, рангинкамон ва кайҳоннавард – рамзҳои асосӣ дар санъати монументалии шӯравӣ. Ҳамаи онҳо ба идея ва табъи муайяне далолат намуда, онҳоро ба бинанда мерасонанд. Масалан, кабӯтар рамзи осоиштагӣ аст, дарахт ва рангинкамон – рамзи ҳаёти нав, кайҳоннавард бошад – рамзи тараққиёт. Агар ба қаҳрамомон нигоҳ кунем, пай бурда метавонем, ки нигоҳи онҳо ба боло равона карда шудааст. Нигоҳи бовиқор ба дуродур, ки дар бораи умед ва боварӣ ба ояндаи беҳтар мегӯяд, дар реализми социалистӣ бисёр истифода мешуд. Худи рассом Аловиддинов ҳангоми сӯҳбат ба мо гуфт, ки дар сюжет ӯ мехост баҳорро нишон диҳад, ва баҳор ҳамеша ибтидои ҳаёти нав аст. Роҳе ки писарак бо он меравад, рамзи роҳи зиндагии ӯ мебошад.
Нисо Ҳоҷиева
"Ҷаҳон аз назари кӯдакон"
Боғчаи кӯдакони №111, кӯчаи Мушфиқӣ
Аловиддинов Салоҳиддин
1985